Муњаммад Ѓиёсиддин дар «Ѓиёс-ул-луѓот» баробари шарњу маънидоди калимоти вобаста ба соњањои гуногуни илмї ва истифодаи сарчашмањои њамзамон оиди бисёр масъалањои нозук ва дар назар соддаи забоншиносї, ки аслан мураккабанд, андешаронї кардааст. Имрўзњо њам донистан ва дуруст амал кардан ба ин нозукињои забон барои њамаи њамзабонон зарур буда, дар назму наср ба услубшиносон дари наверо мекушояд, ки шояд то ба ин дам муњаќќиќони услубшинос ба ин тарафи масъала даст назада бошанд.